баргард чоп кардан

Ноиби додситони кул: Буҳрон қочоқро зиёд кардааст

Ҳотам Назарзода, муовини авали Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи таъсири буҳрон тариқи қочоқ ворид намудани мол ба кишвар афзоиш ёфтааст.

Назарзода, имрӯз, 14-уми декабр дар парлумон тағйирот ба Кодекси ҷиноиро муаррифӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ алайҳи қочоқбарон равона шудааст: “Ҷавобгарӣ барои қочоқи мол пурзӯр карда мешавад. Агар нафаре ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад, дар сурати такроран даст задан ба қочоқи мол ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад”.

Ноиби додситони кулли Тоҷикистон муътақид аст, ки пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои коҳиши қочоқ мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ӯ гуруҳи кории муштарак, ки ба вилояти Суғд равон шуда буд, танҳо давоми 20 рӯзи аввал 120 ҳолати қочоқи мол ба маблағи 1 миллиону 920 ҳазор сомониро ошкор кард: “Нисбати 71 нафар парванда оғоз карда шуда, ба суд ирсол гардид”.