баргард чоп кардан

Нашри видеои боздошти “террористони тоҷик” аз сӯи “ФСБ” (АКСУ ВИДЕО)

Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздошти 4 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст, ки дар қасди анҷом додани амалиёти террористӣ дар Маскав муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилоияи “ФСБ” боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Молдова 15-уми декабр сурат гирифта, аз онҳо маводи тарканда ва силоҳ мусодира шудааст. Манбаъ мегӯяд, гуруҳро “эмиссар”-и ДИИШ аз Туркия роҳбарӣ кардааст, ки ӯ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ эълон шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сӯи “ФСБ” тасдиқ кард. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, “шаҳрвандони Тоҷикистон воқеан боздошт шудаанд ва айни ҳол тафтишот идома дорад. Сафорат ин қазияро пайгирӣ мекунад”.

Аммо бархе аз корбарони интернет мегӯянд, дар видеои пешниҳодкардаи мақомоти Русия шаҳрвандони Ингушистон боздошт шудаанд. Аз як нафарашон Ислом Кортоев ном бурда мешавад, ки дар Ингушистон бо мақомдорони маҳаллӣ якдигарнофаҳмӣ доштааст ва иттиҳоми терроризм саҳнасозии мақомот, аз ҷумла “ФСБ” арзёбӣ шудааст.