баргард чоп кардан

Боз як варзишгари тоҷик имкони дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон-2012-ро дорад

Аз 24-уми ноябр то 2-юми декабр дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбакистон мусобиқоти Ҷоми Осиё оид ба вазнбардорӣ доир гардид.


Муродалӣ Тешаев,  сухангӯи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 11 кишвари осиёӣ ширкат намуданд. Тоҷикистонро ду варзишгар: Низом Сангов дар вазни то 62 кило ва Диловар  Мирасов дар вазни то 69 кило таҳти сарпарастии сармураббии тими мунтахаби кишвар Бобохон Сангов муаррифӣ доштанд.

Манбаъ афзуд, дар ин қувваозмоиҳо Низом Сангов пирӯзии комил ба даст оварда, сазовори ҷойи аввал ва нишони тилло гашт. Ӯ дар ҳисоби умумии якзарба ва дузарба  256 кило вазнро бардошт. Варзишгари дигари тоҷик Диловар Мирасов бошад, барандаи нишони биринҷии мусобиқа шуд. Диловар миёни ҷавонони то 20 сола ва Низом дар байни калонсолон ҳунарнамоӣ карданд. Тавре манбаъ илова намуд, барои Низом Сангов имконияти хубе пеш омадааст, то талош варзад баҳри ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон-2012.