ИМА барои маълумот дар бораи Бағдодӣ 25 миллион доллар ваъда кард
Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҷумъаи 16 декабр ҳаҷми ҷоиза барои маълумот дар бораи Абубакр Бағдодӣ, халифаи худхонди гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”-ро беш аз ду баробар афзудааст. Акнун ба ҷойи 10 миллион доллари қаблӣ, барои маълумоте, ки дар пайдо кардани Бағдодӣ кумак мекунад, Департаменти давлатии Амрико 25 миллион доллар ваъда кардааст.
Бори аввал ИМА барои маълумот дар бораи Бағдодӣ моҳи октябри соли 2014 ҷоиза эълон карда буд.
Абубакр Бағдодӣ, ки номи аслияшро Иброҳим Самарраӣ мегӯянд, ду сол қабл худро халифаи Ироқ ва Сурия эълон кард. Ҳоло дар бораи маҳалли аслии ӯ маълумоти дақиқ нест ва бино ба баъзе хабарҳо шояд дар шаҳри Мосули Ироқ ва ё дар минтақаҳои таҳти назорати “Давлати исломӣ” дар наздикии марзи Ироқу Сурия бошад.
Дар гузашта расонаҳо чанд бор аз заҳролуд, захмӣ ва ҳатто кушта шудани Бағдодӣ хабар доданд, аммо ин хабарҳо баъдан тасдиқ нашуд. Бори охир моҳи октябри соли 2016, расонаҳои Ироқ навиштанд, ки Абубакр Бағдодӣ заҳролуд шудааст. Ба иттилои ВАО, дар баробари Бағдодӣ се мақоми баланди ДИИШ ҳам ҳангоми тановули ғизо заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” як қисмати Ироқу Сурияро дар ихтиёр дорад ва то имрӯз аз пайвастани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули Гулмурод Ҳалимов, раҳбари пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ ба ин гуруҳи террористӣ хабар расидааст. Охирҳои моҳи августи соли 2016 Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА дар як суҳбати телефонӣ бо хабарнигорони тоҷик гуфт, Амрико барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Ҳалимов 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад.