баргард чоп кардан

Охирин суҳбати Исмоил Талбаков бо “Озодагон”, 16.12.16 (САДО)

Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 16 декабр чанд соат қабл аз даргузашташ бо “Озодагон” суҳбат дошт.

Ин суҳбати телефонӣ, ки ба 110-солагии Леонид Брежнев, котиби генералии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шуд, ҳудуди 12 дақиқа идома дошт. Исмоил Талбаков даврони раҳбарии Брежневро яке аз беҳтарин даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хонда, таъкид намуд, маҳз Брежнев озодона мардумро бо нон, орд ва гандум таъмин мекард: “Брежнев бо ду чиз машҳур буд: Яке ин ки мегуфт, нон бошад, суруд ҳам мешавад. Ин ҷумла то ҳанӯз дар ёди мардум мондааст. Ин бисёр мантиқи баланд дорад. Яъне, иқтисодиёт ва пул бошад, суруд ҳам мешавад. Чизи дигар, ин буд, ки ӯ аз аксари кишварҳои исломие пуштибонӣ намуд, ки ҳоло дар онҳо ҷанг рафта истодааст”.

Ба гуфтаи Талбаков дар замони Брежнев қурби пул баланд буд ва то 97 дарсади мардум бо ҷойи кор таъмин буданд: “Онҳое ки як ё ду моҳ ҷойи кор надоштанд ва ё онҳоро ба кор мебурданду аз кор саркашӣ мекарданд, нисбаташон ҷазо таъин карда мешуд”.

Ӯ афзуд, волидонаш 170 сум маош мегирифтанд, ки барои пеш бурдании зиндагии 10 нафар басанда буд. Хизматрасони тиббӣ ва маориф дар Шӯравӣ ройгон буданд”.

Раиси Ҳизби коммунист дар идома афзуд, яке аз дастовардҳои даврони Брежнев ин буд, ки мардум барои дониш гирифтану соҳиби касб шудан талош мекаарданд: “Дар замони ӯ баракат буд. Агар бо замони ҳозир муқоиса кунем, Президент Раҳмонов бо пои қадами худ сулҳ овард, дар даврони Брежнев зиндагии мардуми советӣ пурра тағйир ёфт. Аз ҳамин ҷост, ки дар тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз даврони Брежнев ба хубӣ ёд мекунанд. Ҳато вақте ман бо намояндаҳои парлумони кишварҳои Африқо вохӯрӣ мекардам, бо як ҳисси эҳтиром муносибат карда, он замонро ёд мекарданд”.

Талбаков мегӯяд, бо гузашти беш аз 25 сол аз суқути Шӯравӣ бармало шуд, ки замони Брежнев беҳтарин даврони СССР буд: “Брежнев барои башарият хизматҳои арзанда кардааст, ки бояд барои ҳар як роҳбар намунаи ибрат бошад”.

ЯК ҚИСМАТИ СУҲБАТ БО ИСМОИЛ ТАЛБАКОВРО ИНҶО ГӮШ КУНЕД


Исмоил Талбаков шаби 16 ба 17 декабр дар синни 61 даргузашт. Маросими ҷаноза зуҳри имрӯз дар масҷиди маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт баргузор шуда, ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок месупоранд.

Исмоил Талбаков 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик ва солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд. Ӯ чандин сол муовини раиси Ҳизби коммунист буд ва моҳи июли соли 2016 дар Анҷумани 32-юми ҳизб дар курсии раҳбарӣ нишаст. Талбаков се навбат намояндаи Маҷлиси намояндагон буд. Ӯ солҳои 2006 ва 2013 номзад ба маснади раёсатҷумҳурӣ низ буд.