баргард чоп кардан

Р.Эмомалӣ, ҷавонтарин генерали тоҷик ба синни 30 қадам гузошт

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод, президенти Федератсияи футбол, ҷавонтарин генерали тоҷик имрӯз, 19-уми декабр ба синни 30 қадам гузошт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст: “Маълумоташ олӣ буда, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст”.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст: “Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст”.

Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт: “Аз моҳи марти соли 2015 то ба ҳол дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дорад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ овардааст, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст: “Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад”.

Рустами Эмомалӣ соли 2014 дар синни 27-солагӣ рутбаи генерал майори хадамоти гумрукро гирифта, ҷавонтарин генерал ва мансабдори воломақоми Тоҷикистон ба шумор меравад.