баргард чоп кардан

Питер: Ҳамлаи ашхоси номаълум ба шаҳрванди Тоҷикистон

Дар Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, ҳодиса шаби гузашта дар наздикии стансияи метрои “Ломоновская”, воқеъ дар кӯчаи Полярникови ноҳияи Невск ба вуқӯъ пайвастааст. Шахсони номаълум бо корд ронҳои шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро захмӣ кардаанд. Дар пайи ин ҳамла ҷабрдида хуни зиёде талаф дода, дар ҳолати вазнин ба беморхона мунтақил шудааст.

Расонаҳои навиштаанд, ки дар маҳалли ҳодиса дурбинҳои назоратӣ насб нашудааст.