баргард чоп кардан

Русия: Ихроҷи як ҷуфт бо чор фарзанди ноболиғ ба Тоҷикистон

Аз вилояти Смоленски Русия як хонаводаи тоҷик ба Ватан депорт шудааст.

Додгоҳ ҳузури ин оиларо дар қаламрави вилоят ғайриқонунӣ хондааст. Ба иттилои расонаҳои русӣ, марду ҳамсар ва чор фарзанди ноболиғи ӯ дар ҳалқаи иҷрочиёни суд то фурудгоҳ бурда шудаанд: “Маблағи чипта барои ба Тоҷикистон рафтани ин хонавода аз ҳисоби буҷаи Русия ҷудо шудааст”.

Дар чанд соли ахир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҳузури ғайриқонунӣ аз он кишвар ихроҷ карда, онҳоро барои муҳлатҳои гуногун аз ҳаққи дубора баргаштан маҳрус сохтанд.