баргард чоп кардан

Путин: Дмитрий Анатолевичро райиси ҳукумат таъин мекунам

Сарвазири Русия Владимир Путин  изҳор кард, ки дар сурати ғолибияташ дар сабқати курсии раисҷумҳур Дмитрий Медведев, раисҷумҳури вақти Русия ҳукумати ин кишварро раҳбарӣ хоҳад кард:


"Бори дигар таъкид карданиам, агар мардум барои таҳияи ҳукумати ҷадид ба мо бовар кунанд, яъне ба тарафдории “Русияи воҳид” овоз диҳанд ва маро ба ҳайси раисҷумҳур бипазиранд, Дмитрий Анатолевич, бегуфтугӯ сарварии ҳукуматро ба дӯш хоҳад гирифт”.

Нахуствазири Русия Владимир Путин илова кард, ки аз ин ба баъд Русия зиндагии худро ба таври куллӣ тағйир дода, аз вобастагии нафтугазӣ раҳида, бештар ба лоиҳаҳои рушди иноватсионӣ рӯ хоҳад овард.