баргард чоп кардан

Сафири Русия дар Тоҷикистон: Тадобири амниятӣ дар дохил ва берун аз сафорат шадидтар шуд

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, назди бинои сафорат мошинҳои зиреҳпӯш ва пулиси вижа (ОМОН) оварда шудаанд.

Ба гуфтаи сафир, ин иқдом баъд аз кушта шудани Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия бо дархости сафорат роҳандозӣ шудааст. Ӯ ба хабаргузории “РИА Новости” гуфтааст, тадобири амниятӣ на танҳо дар берун аз бинои сафорат, балки дар дохили он ҳам шадидтар шудаанд.

“РИА Новости” хабар медиҳад, ки иқдомҳои амниятии сафоратҳои Амрико, Чин, Фаронса ва Бритониё ҳам дар Душанбе тақвият ёфтаанд.

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия рӯзи 19 декабр ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи “Русия аз назари туркҳо” дар Анқара аз зарби тир ҷон бохт. Ба иттилои расонаҳо, нафаре, ки сӯи ӯ тир андохт корманди пулис будааст.