ВКД: Зани 20-сола шавҳарашро корд задааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 20-солаи вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар қасди куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, гумонбаршаванда рӯзи 20 декабр дар пайи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин сокини ҷамоати деҳоти Чоргул тахминан соатҳои 04:00-и 20 декабр замоне ки шавҳари 22-солааш хоб будааст, бо корд якчанд маротиба ба қисмати гардан ва узвҳои баданаш задааст: “Бо рух додани чунин ҳодиса, шавҳараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Манбаъ меафзояд, нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гарида, тафтишот идома дорад.