Боздошти соҳибкор барои истифодаи ғайриқонунии барқ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 19 солаи сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар ғайриқонунӣ истифодаи барқ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ 21-уми декабр дар пайи санҷиши муштарак бо масъулини барқ муайян шуд, ки соҳибкори пойтахт, муддати чанд моҳ ғайриқонунӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба нуқтаи таъмири пойафзол, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе гузаронидааст: “Бо ин амал ӯ ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 3 ҳазору 198-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”.
Манъбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.