баргард чоп кардан

Дар Дубай телефон бо акси Доналд Трампро $150 000 мефурӯшанд

Дар шаҳри Шарҷаи Аморати муттаҳидаи Араб фурӯши iPhone 7 бо қолаби тиллогин ва акси Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико шурӯъ шудааст. Бино ба иттилои расонаҳо, ин смартфонҳо, ки бо алмос оро дода шудаанд, 150 000 доллар арзиш доранд.

Фрэнк Фернандо, маъмури мағозаи “Goldgenie”, ки ба фурӯши ин смартфонҳо оғоз кардааст, гуфтааст, идеяи смартфонҳои тилоӣ бо акси Трамп баъди он ба сараш зад, ки зани чинние сохтани чунин смартфонро аз онҳо дархост кард: “Дар тамоми ҷаҳон одамони сарватманду дорое ҳастанд, ки баъзан барои онҳо харидории туҳфаи мувофиқ ғайриимкон аст, чун онҳо ҳама чиро доранд”.

Расонаҳо навиштаанд, баъди фурӯши аввалин чунин як смартфон мағоза боз 9 дархости дигар гирифтааст.