баргард чоп кардан

Ҳалокати муҳоҷири 25-солаи тоҷик баъди афтидан аз бинои сохтмон

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дарёфт шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи “life.ru”, ҷасади ин муҳоҷири тоҷикро рӯзи 25 декабр дар майдони сохтумонии “ЖК Legenda”-и маҳаллаи Приморск пайдо кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ба эҳтимоли зиёд ин ҷавон аз баландӣ афтида, ба ҳалокат расидааст: “Дар ҷойи ҳодиса мақомоти тафтишотӣ кор мебарад”.

Бештари муҳоҷирони тоҷик, ки барои пешбурди зиндагӣ ба Русия мераванд дар сохтмонҳо кор мекунанд.