баргард чоп кардан

Муҳит: Агар дурусташ бисозем, Тоҷикистон ҳам Амрико мешавад

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Аз сафаре, ки тӯли як моҳи ахир ба Амрико ва Аврупо доштам, ин хулосаро бардоштам: агар мо муваффақ шавем, ки муҳити солим бисозем, метавонем босаъодат зиндагӣ кунем. Вале инҷо суол пеш меояд, ки муҳити солим чист? Оё он чиро, ки то кунун мо офаридаем мешавад муҳити солим гуфт?

Инро то замоне мешавад муҳити солим гуфт, ки агар мо саъодатмандии мардуми дигари дунёро шоҳид нашавем. Муҳити солим муҳите нест, ки мо офаридаем ва мардумро маҷбур мекунем, ки ба қадри он бирасанд, балки муҳити солим фазоест, ки мардум худ ба худ ба эҳтироми он мепардозанд. Вале агар мо барои худу мардуми худ биқабулонем, ки бале, муҳити солим ҳамине ҳаст, ки мо офаридаем, пас дар ин гуна муҳит рушд кардан ва ба саъодат расидан хеле мушкил мебошад. Ё ба гуфти Низомӣ “дар шӯразамин суман нарӯяд”...

Пешопеш мегӯям, ки тавсифҳоерое, ки дар ин матлаб аз Амрико ва Аврупо мекунам, дӯстон ба маънои моту маҳбут шудан аз дидаҳо дар ин ду қора напиндоранд, ҳарчанд, ки намешавад моту маҳбут нашавӣ. Он чи ин ҳукуматҳо ва ин мардум барои худ сохтаанд ва эҷод кардаанд боис шудааст, ки онҳо дар саъодат ва қаноатмандӣ ба сар бибаранд. Шояд баъзе руфақо ин айбро аз мо ҳам бигиранд, ки “каме шроити хубтареро дид, ба накӯҳиши Ватан пардохт”. Ҳоло замони ватандӯстист, вале замони ватандӯстии дуруғин нест. То замоне Ватанро обод накунем ватандӯстии мо собит намешавад. Ақли салим наметавонад ба ин бовар кунад, ки чӣ гуна қисме аз мардуми сайёра ҳуқуқ ва имкон доранд, ки хушбахт ва босаъодат зиндагӣ кунанд, вале қисми дигар ин ҳақ ва ин имконро надошта бошанд.

Сафардидаву сафаргуфтаҳоро аз ин ду қора дар фурсатҳои муносиб хоҳам навишт, вале инҷо сари он меандешам, ки чӣ гуна ин мардум тавонистанд, ки аз мо зиндагии хубтаре дошта бошанд?!

Аз назари ман саъодати мардуми ин ду қора бар пояи каромати инсонӣ бунёд шудааст ва дар ин сарзаминҳо инсон мадюни инсон аст ва ба ҳеч раису ҳукумату президенту доҳие вобаста нест. Дар ин ду қора шаҳрванд меҳвари давлат, ҷомеа ва ҳукуматро ташкил медиҳад. Баҳси шахсият ва шахсиятсозӣ ва ё марбут донистани ҳаёту мамоти як ҷомеа аз шахсиятҳои алоҳида дар ин гуна ҷомеаҳо аслан муҳим нест ва заминае барои муҳим шудан надорад. Институти шаҳрвандӣ дар ин гуна ҷомеаҳо нақшеро иҷро мекунад, ки дар мо мехоҳанд ҳамин нақшро шахсиятҳо иҷро кунанд ва барои ҳамин шахсиятсозӣ мекунем. Ҳоло он ки таҷрибаи солҳои ахир нишон медиҳад, ки шахсиятҳои сохташуда қодир нестанд ҳамин нақшро ба иҷро бирасонанд.

Ҳар вақте дар бораи ИМА меандишадам суханони назарияпардози маъруфи амрикоӣ Збигнев Бжезинский ба зеҳнам меомад: “Амрико дар муносибат бо хориҷ бадатрин кишвар аст, вале дар муносибат бо шаҳрвандони худ демократитарин кишвари дунёст”. Ин гуфтаро замоне, ки худ ба ин кишвар омадам эҳсос кардам ва дидам. Аз назари ман он чи ки Амрикоро муҳташаму муҳтарам карда ин аст, ки дар ин кишвар аз сағир то кабири ҳама ғуломи қонунанд. Ҳокимияти қонун муҳити ин кишварро солим кардааст. Ба хотири ҳеч аҳаде дар ин кишвар қонун ба масхара ва мазҳака кашонда намешавад. Қонун ба унвони муқаддасоти иҷтимоӣ бунмояи саъодати амрикоиро ташкил кардааст. Ман фикр мекунам, агар мо ба дардҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеаии худ дармон кардан хоҳем, бояд, ки ҳокимияти қонунро эътироф кунем. Дар ҳар кишваре, ки қонун ба хотири манофеи ҳукумати иҷроия ва ё сиёсатгарону нафарони муттанафиз дар ҷомеа ба бозича табдил мешавад, умеди шукуфоиву саъодат кардан, тақрибан ғайримантиқист.

Муҳити солим, ки такя бар каромати инсонӣ, шаҳрвандмеҳаварӣ, ҳокимияти қонун, баробарии тамоми қишрҳо ва озодиҳои сиёсии инсон дорад, ҷомеаи амрикоиро ба гунае сохта, ки имрӯз, тақрибан ҳар сокини сайёра орзу дорад, то дар ИМА зиндагӣ кунад. Муҳити солим ва дигар арзишҳои ахлоқӣ, ки дар ИМА қадр доранд ва эҳтиром мешаванд, имкон додааст, то меъёрҳои ахлоқ дар танзими иҷтимоъ ва ҳатто сиёсат саҳим бошанд.

Як дӯсти тоҷики мо дар иёлати Флорида ҳарфи аҷибе зад. Гуфт, ки муҳити инҷо инсонро маҷбур мекунад, ки дурӯғ нагӯяд ва давом дод: “Соли гузашта фарзандор шудем. Дар зойишгоҳ аз мо пурсиданд, ки агар даромади моҳонаи шумо дар моҳ аз 3 ҳазор дуллор камтар бошад, шумо ба қисми мардуме ворид мешавед, ки аз синфи миёна поинтар ҳастед ва давлат баъзе ниёзмандиҳои тифли шуморо ба уҳда мегирад ва барои ин ҳар моҳ то 600 дуллор медиҳад. Вале чун ман медидам, ки дар ин кишвар мардум камтар дурӯғ мегӯянд, моро ҳам ҳамин муҳит маҷбур карда, ки бигӯям, ки не мо аз 3 ҳазор дуллор бештар даромад дорем”.

Дӯсти мо гуфт, ки агар ман мегуфтам, ки даромадам аз се ҳазор камтар ҳаст, онҳо бидуни ҳеч тафтише ба ман ёрдампулӣ медоданд, вале муҳит нагузошт, ки мо дурӯғ бигӯйем. Ва алабатта муҳити солим ҳамонест, ки онҷо мардум (шаҳрвандон) аз дурӯғ гуфтан бишарманд. Вале мо хуб дар хотир дорем, ки баъзе мансабдорони раддаи аввали мо бо вуҷуди дар инҳисори худ қарор додани дороиҳои ниҳодҳояшон, боз барои худ ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақапулӣ)-и ҳангуфтеро бардурӯғ дуруст карда буданд.

Эътимод асоси шукуфоии ин ду қора шудааст ва ҳамин эътимод имкон додааст, ки ин ду қора дар ҷаҳон ҳарфи аввалро бизананд. Албата носолимиҳо ва буҳронҳои фарогири иҷтимоиву равоние ҳам ин гуна ҷомеаҳоро дорад бесубот мекунад, вале асли масъала ин ҷост, ки инсон дар ин гуна ҷомеаҳо босаъодат аст ва агар ҷавҳаре дар ниҳодаш дорад, имкон доранд онро амалӣ кунад ва шахсият шавад. Дар мо мифҳои гуногуни иҷтимоиву равонӣ ва сиёсие сохтаанд, ки ҷомеаҳои мо аз ҷомеаҳои ғарбӣ фарқ мекунанд ва роҳҳоеро, ки онҳо барои ба саъодат ва шукуфоӣ расидан паймудаанд, мо наметавонем бипаймоем. Ин ки ҷомеаҳои мо фарқ доранд, гапи бебаҳст аст, вале ин ки мо роҳҳои паймудаи онҳоро наметавонем бипаймоем, миф аст. Устураест, ки барои идора кардани равони мо сохта шудааст. Чаро дар ИМА ҳамагӣ бо 400-500 соли торих мешудааст қонунро риоя карду дар мо бо андҳазорсола торих не?! Кадом тафовути иҷтимоӣ, миллӣ ва ё динии мо намегузорад, ки мо ҳокимияти қонунро эътироф кунем? Ҷавобаш чист?...
Барои ҳамин решаи шукуфоӣ ва саъодати мо дар муҳитсозии солим аст. Ва барои ҳамин бояд талош кард.

Албатта ҷомеаҳои амрикоиву аврупоӣ ҷомеаҳои идеоливу ормонӣ нестанд, вале дар ҳоли ҳозир беҳтарин фазо ва макон барои зиндагӣ мебошанд. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳам ҳақ дорем дар ҳамин гуна ҷомеа ба сар бибарем.