Душанбе: Баҳси 2 ҷавон барои “мерседес”-и 115 000 долларӣ
Ҷавони 20-сола, сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон арз доштааст, ки сокини 28-солаи пойтахт ӯро фиреб додааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҷавони 20-сола ба мақомот шикоят бурдааст, ки марди 28-сола 14-уми сентябри соли равон ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс-222”-ро бо арзиши 115 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.