"Разведка": Соли 2017 таъсири Аврупо ба Тоҷикистон каму аз Маскав бештар мешавад
Таҳлилгарони маркази хусусии кашшофии “Stratfor” пешгӯӣ кардаанд, ки соли 2017 тавозуни нерӯ дар Авруосиё ба манфиати Русия тағйир хоҳад ёфт.
Ин маркази амрикоӣ бо нашри гузориши ҷадид изҳор доштааст, ки нуфузи Иттиҳоди Аврупо соли 2017 дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ коҳиш меёбад ва ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорусия бо Маскав ҳамкории бештар кунанд.
Ба иттилои манбаъ таваҷҷуҳи кишварҳои Аврупо ба ИДМ кам мешавад, зеро Иттиҳоди Аврупо бештар ба ҷилавгирӣ аз парокандагӣ дар қаламрави худ диққат хоҳад дод. Инчунин имкони нерӯҳои мухолиф барои пирӯзӣ дар интихоботи ояндаи Фаронса, Олмон ва Ҳоланд зиёд мебошад.
“Stratfor” менависад, ин ҳама ба Русия имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳояш, аз ҷумла лағви таҳримҳои иқтисодӣ наздиктар шавад.