Ҳалокати аъзои як оила дар пайи бархӯрди 2 “Мерседес”
Дар пайи бархӯрди ду “Мерседес” се узви як хонавода ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, садамаи маргбор шоми 26-уми декабр рух додааст.
Ба иттилои манбаъ ронандаи “Мерседес-Бенс”, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба “Мерседес-Бенс”-и дигар, ки ҳомили аъзои як хонавода будааст, бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи 21-солаи “Мерседес”-и дуюм ва падару модари 58-у 56-солааш, сокинони ноҳияи Ашт дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду мусофири дигар-ҷавони 20-сола ва писарбачаи 4-сола дар беморхона бистарӣ гаштаанд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ронандаи муттаҳам дар ин садама ва мусофираш, марди 24-сола низ дар беморхона бистарӣ мебошанд.
Ин дуюмин бархӯрди маргбори “мерседес”-ҳо давоми як моҳи охир мебошад. Ахиран бархӯрди ду ““Мерседес-Бенс” дар роҳи Рӯдакӣ-Ёвон 3 кушта барҷой гузошта буд.