АКС: Бедарак шудани ду тоҷири тоҷик бо пули нақд
Ду тоҷири тоҷикистонӣ бо пули нақд дар Русия бедарак шудаанд.
Тибқи иттилоияи мақомоти пулиси минтақаи Забайкал, шаҳрвандони Тоҷикистон Тошпулод Тошпулодови 56-сола ва Бурҳон Гадоеви 31-сола 30-юми декабр дар роҳ аз Чита ба ноҳияи Красночикойск бедарак шудаанд: “Онҳо бо мошини “Mitsubishi Canter”-и сафед, рақами давлатияш Е946НХ75 аз анбори тиҷории кӯчаи Лаза берун шуда, бо худ маблағи нақд ва ҳуҷҷатҳо доштаанд”.
Манбаъ мегӯяд, мошини мазкур аз ҷониби дастгоҳҳои назоратӣ шоми 30-юми декабр дар роҳи Чита-Иркутск сабт шудааст: “Тибқи маълумоти охир тоҷирон дар ҳудуди деҳаи Улёти Забайкал бедарак шудаанд”.