АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон теъдоди занону ҷавононро дар ҳукумати кишвар ғайриқаноатбахш хондааст. Ӯ 5-уми январ дар ҷаласаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтааст, занону ҷавонон дар парлумон фаъоланд, аммо дар мансабҳои ҳукуматӣ кам мебошанд.
Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, раисиҷумур ба масъулини ҲХДТ дастур дод, ки дар тарбияи кадрҳо, пешниҳоди занону ҷавонон ба мансабҳои ҳукуматӣ фаъол бошанд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ аз кори ҳизби ҳоким изҳори қаноатмандӣ карда, фаъолияташро дар интихоботҳо ва маъракаи вуруди тағйирот ба Конститутсия хуб баҳогузорӣ кардааст. Раиси ҲХДТ дастур додааст, ки масъулин дар соли нав барои таблиғу ташвиқи ташаббусҳои қабулгардидаи Тоҷикистон дар СММ, эълони соли ҷавонон ва дигар барномаҳои давлатию ҳизбӣ фаъол бошанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фард бошад.
Дар пайи суханронии Эмомалӣ Раҳмон дигар аъзои ҳизб, Гулбаҳор Назирӣ - муовини роҳбари фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулизор Пирова - донишҷӯйи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон, Орзу Ҳомидов - роҳбари намояндагии созмони ҷамъиятии “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, Саидбек Мирзомуддинов - раиси кумитаи ибтидоии ҳизб бо номи “Иттиҳод” дар Федератсияи Россия, Лайло Чоршанбиева - директори Мактаби президентӣ аз ноҳияи Рӯшон, Шаҳло Ватанова - раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳлои Ватан”, Афзалшо Карчиев - узви кумитаи марказии ҳизб дар “Неругоҳи Барқи Обии Роғун” ва Авазхон Кабиров - раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Султони Кабир” баромад карданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Мирзомуддинов, раиси кумитаи ибтидоии ҳизб бо номи “Иттиҳод” дар Федератсияи Русия хостааст, дар ҷалби омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикистон фаъол бошанд ва ваъда додааст, ки ҷониби давлат барои омӯзгорон шароити кору зиндагиро фароҳам хоҳад овард.