Вокуниши Ҳинд ба гирифтани фурудгоҳи "Айнӣ" аз сӯи Русия
Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон дархости Русия барои гирифтани фурудгоҳи Айнии Тоҷикистонро, ки бо 70 миллион доллар маблағи Ҳинд бозсозӣ шуда буд, шарҳ додааст.
Мубошир Ҷавод Акбар, вазири хурди умури хориҷии Ҳиндустон 5-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар мавриди дархости Русия барои гирифтани фурудгоҳи Айнӣ гуфтааст, “бовар надорем, ки Русия метавонад хилофи манофеи стратегии Ҳиндустон кор кунад. Муносиботи мо бо Русия аз имтиҳони вақт гузаштааст ва муътақидем, ки озмоишҳои ояндаро низ паси сар хоҳад кард. Мо фикр намекунем, ки Русия хилофи амнияти Ҳиндустон ва манофеи миллии мо кор кунад”.
Расонаҳои ҳиндӣ зикр кардаанд, ки қаблан масъулини ин кишвар дар шарҳи таҷдиди Айнӣ изҳор доштанд, ки мехоҳанд нуқтаи вуруд ба минтақа ва ҳузури низомӣ дар наздикии Афғонистонро таъмин кунанд.
Аммо ахиран Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, аз мақомоти тоҷик барои истифодаи фурудгоҳи Айнӣ дархост кардаанд, зеро пойгоҳи 201 ба нерӯҳои ҳавоӣ ниёз дорад.
Ҳиндустон соли 2007 бо харҷи 70 миллион доллар фурудгоҳи Айнӣ дар 15-километрии ғарби Душанберо таҷдид ва азнавсозӣ кард.