Ҳалокати ҷавони тоҷик дар пайи таркиш дар метрои Маскав (ВИДЕО)
Азизбек Ҷалолов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки 22-юми декабр дар пайи таркиш дар метрои Маскав сахт маҷруҳ шуда буд, баъди зуҳри 7-уми январ даргузашт.
Тибқи иттилои табибон Ҷалолов баъди 2 ҳафтаи бистарӣ шуданаш дар шуъбаи эҳёгарӣ ба худ наомада, рӯзи шанбеи гузашта ҷон дод.
Таркиши зарфи газдор дар истгоҳи метрои Коломенская 22-юми декабр ҳангоми корҳои кафшергарӣ рух дод. Дар натиҷа 3 нафар, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта буданд.