баргард чоп кардан

CASA-1000 аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя барқи арзон интиқол медиҳад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ёвари вазири умури хориҷаи ИМА оид ба   Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк дар Душанбе мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимни нишаст масоили мавриди таваҷҷўҳи ду кишвар дар муносиботи дуҷониба ва мавзўъҳои ҳамкории минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.Ҳарду ҷониб бори дигар омодагии   худро ба густариши робитаҳои судманд, пеш аз ҳама дар самти мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон таъкид намуданд.Роберт Блейк ба мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши он дар рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, аз номи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои мусоидати ҳамаҷониба ба эҳёи эътидолу низом дар Афғонистон арзи сипос намуд.

Ҳамзамон, зарурати зиёд намудани истеҳсоли нерўи барқ дар Тоҷикистон ва кашидани хатти баландшиддати интиқоли нерўи барқи КАСА – 1000 ба Афғонистону Покистон ва ҳамчунин сохтмони роҳҳои нави минтақавии оҳану мошингард ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикию нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ таъкид гардид.