баргард чоп кардан

Як ширкати бритониёӣ ният дорад дар ноҳияи Ваҳдат 2 тонна тилло истеҳсол кунад

Ширкати бритониёвии «Крисо Ресорсиз» ният дорад, дар кони тиллои «Покруд» - и ноҳияи Ваҳдат коркарди тиллоро ба роҳ монда, соле то 2 тонна ин намуди метали қимматбаҳоро тавлид намояд.


Иҷозатнома барои коркарди тилло дар кони Покрудро ширкати бритониёгӣ чанд рӯз қабл ба даст овардааст. Дар назар аст, ки ширкати «Крисо ресорсиз» баъди бастани созишномаи инвеститсионӣ саҳмгузори асосии лоиҳа гардад. Корҳои асосӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳа дар «Покруд» баҳори соли оянда ва истеҳсоли тилло охири соли 2013 –ум ба нақша гирифта шудаанд.

 

Гуфтанист, феълан калонтарин сармоягузори хориҷӣ дар соҳаи тиллокории  Тоҷикистон, ширкати чинии «Зиҷинг майнинт групп» маҳсуб меёбад, ки 75 фоизи калонтарин корхонаи истеҳсоли тиллои Тоҷикистон- «Зарафшон» ба он тааллуқ дорад. Масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ният доранд, имсол дар кишвар 3 тонна тилло истеҳсол кунанд, ки нисбати соли гузашта наздики 50 фойиз зиёдтар аст. Соли 2010 –ум дар Тоҷикистон 2 тоннаю 48 кило тилло истеҳсол гардидаст.