Барканории Обид Назаров аз мақоми муовини вазир
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ бо имзои қарори ҳукумат Обид Назаровро аз мақоми муовини вазири фарҳанг барканор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, далели барканории Обидовро гузаштан ба кори дигар унвон кардааст.
Ҷузъиёти дигари тағйироти кадрӣ ироа нашудааст.