Сафорат: Пулиси Туркия ду тоҷикро кофтукоб дорад
Сафорати Туркия дар Душанбе иттилоот дар мавриди даст доштани тоҷикон дар ҳамлаи террористии муассисаи тафреҳии “Рейна”-и Истанбулро шарҳ дод.
Тибқи иттилои сафорат пулиси Туркия феълан ду шаҳрванди Тоҷикистонро кофтукоб дорад, ки манзилҳои худро ба нафароне иҷора медодаанд, ки ба Сурия рафтуомад доштаанд. Манбаъ таъкид намуд, ки мақомоти Туркия феълан далели даст доштани ин ду тоҷикро дар ҳамлаи террористӣ ба “Рейна” рӯи даст надоранд.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои туркӣ навиштанд, пулиси Туркия 18-уми январ 27 гумонбари асосӣ дар ҳамлаи террористӣ ба “Рейна”-ро боздошт намуд, ки миёнашон як шаҳрванди Тоҷикистон низ будасту ба ҳайси миёнарав кор мекардаст.
Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар пасманзари ин хабарҳо ба мақомоти Туркия дархост шуд, ки шахсияти як ё чанд нафари боздоштшударо ошкор кунанд: "Дар пайи дарёфти посух расонаҳоро огоҳ мекунем".
Ҳамлаи 31-уми декабр ба “Рейна” ҳудуди 40 кушта ва даҳҳо маҷруҳ барҷой гузошт. Ба иттилои пулиси Туркия ин ҳамла бевосита аз ҷониби Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбакистон анҷом дода шудааст. Машарипов омодагии ҷангиро дар Покистон ва Афғонистон гузашта, аз ҷониби мақомоти Узбакистон дар кофтукоб қарор доштааст. Моҳи январи соли 2016 номбурда ғайриқонунӣ аз ҳудуди Эрон ба Туркия ворид гардидааст. Зимни кофтукоб аз манзили истиқоматии ӯ 197 ҳазор доллари ИМА, силоҳ ва ду адад квадрокоптер дарёфт гардидаст.