6 соли зиндони муҳоҷири тоҷик барои “бӯсидани духтари ноболиғ”
Додгоҳе дар вилояти Орлови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои шаш сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст.
Ин ҷавони 30-сола дар анҷоми “амалҳои хусусияти шаҳвонидошта” нисбат ба ноболиғ муҷрим шинохта шудааст.
Мария Родионова, муфаттиши калони Шӯъбаи тафтишотии ноҳияи Орлов гуфтааст, тафтишот муайян намуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон духтари 10-солаи мардеро, ки манзилашро таъмир мекардааст, бусидааст: “Моҳи майи соли 2016 гумонбаршуда дар ҳолати мастӣ духтарчаро ба таҳхонаи бино бурда, аз ҳолати оҷизии вай истифода намуда, ӯро оғуш гирифтаву аз даҳонаш бусидааст”.