Подшоҳи Арабистони Саудӣ: Тоҷикистон шарики муҳими мо дар минтақа аст
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро шарики муҳими кишвараш дар минтақа хонда аст. Ин нуктаро ӯ дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иброз доштааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз шаҳри Риёз ба “Озодагон” гуфт, подшоҳи Арабистони Саудӣ ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбароони вазорату идораҳои дахлдори давлаташ дастур додааст, барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушду тавсиаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба густариши робитҳои фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкорӣ тамоми корҳои заруриро анҷом диҳанд.
Ба иттилои манбаъ, Зуҳуров дар ин мулоқот ба Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд барои ироаи ёрии башардӯстона ба зарардидагони офати тибиӣ дар Тоҷикистон ва таъмини шароити хуб барои ҳоҷиёни тоҷик, ки ҳамасола барои адои маносики ҳаҷу умра ба Арабистони Саудӣ меоянд, изҳори миннатдорӣ кардааст: “Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои сиёсию молиявии минтақа, аз қабили Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки исломӣ оид ба рушд, ки дар онҳо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нақши муҳим дорад ва ҳамчунин муассисаҳои худи Арабистони Саудӣ-Фонди Саудии рушд ва Маркази Подшоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстонаро мебояд ёдовар шуд”.
Дар поёни суҳбат раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки ояндаи наздик Подшоҳи Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.