баргард чоп кардан

Беш аз 375 кило маводи мухаддир дар Суғд мусодира шудааст

Дар ин бора ба хабарнигори  маҳаллии «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.


Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон аз тарафи кормандони мақомоти милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 375 кг 464 гр маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд. Ин миқдор нисбати  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 308 кг кам мебошад: «Дар 11 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 683 кг  маводи мухаддир мусодира карда шуда буд».

Манбаъ мегӯяд, аз ин миқдор зиёда аз 23 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 318 кг бангдона, 4 кг афюн  ва 28 кг дигар намудҳоро  ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 200 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 -и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.