Яхбандӣ дар Рӯдакӣ 2 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт
Яхбандии роҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ субҳи имрӯз, 26-уми январ боиси марги 2 нафар гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар пайи яхбандии роҳ дар деҳаи Чимтеппа мошини “Mercedes-Benz” ба “Opel Astra Caravan” бархӯрда, мусофирон дар дохили автомашина дармонданд: “Вақте наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, дар дохили автомашинаҳо 4 нафар- 1 нафар дар “Мерседес” ва се нафари дигар дар “Опел” дармонда буданд. Ду нафарашон дар роҳ ба беморхона ҳалок ва 2 нафари дигар ба кормандони ёрии таъҷилӣ супорида шуд”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон дархост кардааст, ки ҳамгоми ҳаракат бодиққат бошанд ва суръатро аз меъёр зиёд накунанд.