Оҷонсии омор: Марду марг зиёду зану зоиш кам шудааст
Теъдоди мардон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора имрӯз, 26-уми январ Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки феълан миёни сокинони кишвар 50,6 дарсадро мардон ва 49,4 дарсадро занон ташкил медиҳанд: “Синни миёнаи занҳо 75,6 сол ва аз мардҳо 71,8 мебошад. Синни миёнаи сокинони кишвар 73,6 сол мебошад”.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 742 ҳазору 182 нафарро ташкил медиҳад. Ба иттилои Оҷонсии омор афзоиши табии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2016 коҳиш ёфта, 1,4 фоиз шудааст: “Сари 1000 сокин 22,8 нафар рост меояд”.
Аммо сабти фавт дар соли гузашта 0,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 33 ҳазор нафар баробар шудаст.