баргард чоп кардан

«TUSKON» ва чанд ширкати Туркия ба пахтаву пашми Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд

Дар вазорати энергетика ва саноат санади ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташхиси коркарди нахи пахта ва пашм  ва протоколи ҳамкорӣ роҷеъ ба таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.


Аз вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» итилоъ доданд, ки ширкатҳои конфедератсияи  «TUSKON»,  «Ерсен Текстил»  ва «Миллюза групп»  имконияти бунёди  корхонаҳои коркарди нахи пахта  ва пашм ва ширкати «IGLI» масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзиро дар Тоҷикистон  мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Дар робита ба ин, Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон як гурӯҳ роҳбарони ширкатҳои аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни «TUSKON»-и Туркияро ба ҳузур пазируфт, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва  саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт, афзуд манбаъ.