баргард чоп кардан

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 640 миллион доллар кӯмак кардааст

Бонки Ҷаҳонӣ айни ҳол дар Тоҷикистон 16 лоиҳаро амалӣ карда истодааст, ки арзиши умумиашон 212 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.


Ба иттилои Хадамоти матбуотии райисиҷумҳур ин нукта зимни вохӯрии президент Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Теодор Алерс қайд гардид.Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо зикр карданд, ки Бонки  Ҷаҳонӣ таи 15 соли ҳамкорӣ ба Тоҷикистон 640 миллион доллари амрикоӣ кӯмак намудаст.

Теодор Алерс таъкид кардааст, ки соли оянда Бонки Ҷаҳонӣ дастгирии рушди Тоҷикистонро дар ҳаҷми 22 миллион доллари амрикоӣ бештар намуда, бо ин мақсад 60 миллион долларро равона хоҳад кард.  Масъули Бонки Ҷаҳонӣ инчунин аз ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» гузориш дода, изҳори боварӣ намудаст, ки ин кор дар сатҳи баландтарини  ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.  Алерс бо ишора ба захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии  Тоҷикистон ва норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон таъкид кардааст,  ки Бонки Ҷаҳонӣ барои истифодаи босамари имкониятҳо минбаъд ҳам кӯмакашро ба Тоҷикистон мерасонад.