Интиқоди Шарофзода аз забони ғайриадабии “Муллои замонавӣ”
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон забони тарҷумаи филмҳои бадеиву ҳунариро омӯхта, сифати тарҷумаро нигаронкунанда хондааст. Тибқи иттилои ин ниҳод аз ҳама беш дар тарҷумаи филми туркии маъруф бо номи “Муллои замонавӣ” ва филми тасвирии “Паҳлавон ва бузбала” қоидаҳои забони тоҷикӣ вайрон шудаанд.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, дар филми “Муллои замонавӣ” қоидаҳои забони адабӣ ба шадидтарин шева вайрон шудаанд: “Мо забони тарҷумаи ин филм ва филмҳои дигарро мавриди омӯзиш қарор додем ва хулосаи Кумитаро ба ниҳодҳои дахлдор ирсол кардем ва онҳо тасмим мегиранд, ки сарнавишти минбаъди ин филмҳо чӣ мешавад”.
Кумитаи забон ҳамчунин фаъолияти студияҳоеро, ки ба тарҷума ва банду басти филмҳо машғуланд дар соли 2017 мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз ҷумла ин Кумита дар студияҳои “Тоҷикдиёр”, “Санои синема”, Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи тенологии Тоҷикистон”, “Истиқлол”, “Нурангез”, “Адам”, “Суҳайл синамо”, “Ҳамсадо”, “Амирӣ медиа”, “Фариддун”, “Муҳаммад”, “Суғдивидео”, Муассисаи давлатии “Суғдсинамо”, “Абдулломедиа” ва “Дарвозфилм” масоили риояи меъёр ва қоидаҳои забони давлатиро месанҷад.
Дар мавриди забони тарҷумаи филми “Муллои замонавӣ” баҳсҳои гуногуне дар матбуот низ сурат гирифта буд, ки бар пайи он Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти илмии вижае низ баргузор намуда буд.