баргард чоп кардан

Девонаев ҳам барои тафтиши қазияи куштори муҳоҷири тоҷикистонӣ ба Санкт-Петербург сафар кард

Сафиалло Девонаев, сардори хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар раъси як ҳайати намояндагии ин ниҳод барои муайян кардани вазъият ва тафтишоти воқеъбинонаи қатли Бахтиёр Расулов ба шаҳри Санкт-Петербург рафт.


Тавре аз ин Хадамот ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар назар аст, ки ҷониби Тоҷикистон бо роҳбарияти шӯъбаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои марбута мулоқот кунад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин сафар Сафиалло Девонаевро роҳбари намояндагии Хадамот дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев ҳамроҳӣ менамояд. Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни сафарашон бо масъулини Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербург  низ гуфтугӯ хоҳанд кард: «Мақсад аз ин сафар ҳамчунин вохӯрӣ бо сардори раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербурги вилояти Ленинград,  Дунаева Е.В. ва баррасии масъалаҳои мушаххаси ҳамкориҳо, андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати муҳоҷирони меҳнатӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо доир ба интихоби муташаккилонаи захираҳои меҳнатӣ барои ниёзи иқтисодии минтақа низ мебошад».