Ҳушдори обуҳавошиносон аз барфрезию тармафароиҳои нав
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз барфрезӣ ва тармафароиҳои нав дар кишвар ҳушдор дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа пешбинӣ шудааст: “Дар навоҳии кўҳӣ туман, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар назар аст. Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад".
Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш доранд, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сафар тариқи минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намоянд.