Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон», Нозирҷон Ёдгорӣ, котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дод. Ёдгорӣ ҳамаи овозаҳоро оиди боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон беасос хонда афзуд, ки ҳукумат бо назардошти вазъияти иҷтимоии мардум ва сатҳи пасти таъминоташон бо барқ дар фасли сармо таи ду соли охир тарофаҳоро боло набардоштааст ва айни ҳол ҳам дар назар нест. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ёдгорӣ тибқи тавсияҳои институтҳои молиявии байналмилалӣ, нархи барқ бояд дар Тоҷикистон соле ду маротиба зиёд гардад.
Дар ҳоли ҳозир нархи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ 9 дирам ё 2,04 сент сари як киловаттро ташкил медиҳад. Нархи миёнаи фурӯши барқ ба 1,8 сент сари киловатт баробар аст. Масъулини «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки тибқи созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ то соли 2013 нархи миёнаи фурӯши як киловатт барқ бояд ҳадди ақал 3 сентро ташкил диҳад. Масъулини созмонҳои молиявӣ изҳор медоранд, ки тавассути боло бурдани нархи барқ, тавваҷҷӯҳи сармоягузорони Тоҷикистон ба бахши энергетикаи кишвар афзоиш хоҳад ёфт.