баргард чоп кардан

Ҷавар ва Ёқуб Чоловҳо дар Кӯлоб аз сӯи кормандони милиса дастгир шуданд

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Кӯлоб Зикриё Мадиеви 41 сола, Ҷаваршо Чолови 41 сола, Ёқуб Чолови 20 сола ва Бахтиёр Ғурбатови 21 сола боздошт шудаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ин нафарон сокинони шаҳри Кӯлоб буда, рӯзи 5-уми декабр дар тарабхонаи «Аврангзеб» даст ба бетартибӣ задаанд.

Манбаъ афзуд, онҳо ба талаботи кормандони милиса итоат накарда, латукӯби як сокини деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминободро идома додаанд. Пас аз бетартибӣ, тирезаи тарабхона ва ашёҳои он ҷоро шикастанд. Алъон нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.