“БМВ” модару кӯдакашро зер кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шоми 15-уми феврал мошини “БМВ” таҳти идораи ронандаи 29-сола, пиёдагардон-модари 38-сола ва писари 9-солаашро зер кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи “БМВ”, сокини Исфара ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳаллаи Баҳори ин шаҳр аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракат набаромада, пиёдагардонро зер намудааст: “Дар натиҷа зани 38-сола дар беморхона бистарӣ гардида, писарбачааш ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан тафтишот дар ин самт идома дорад.