Меҳринигори Рустам миёни ҳаводорони санъати мусиқӣ асосан бо таронаҳои поп маъруф аст, аммо ӯ дар иҷрои фалак ва сурудҳои мардумӣ низ маҳорат дорад. Вай инчунин ду консерти академӣ ҳам баргузор кардааст. Меҳринигори Рустам бо тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, туркӣ, ҳиндӣ ва озарӣ ҳам тарона мехонад.