Тибқи иттилои расонаҳо, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти хабарӣ дар ситоди НАТО дар Брюссел дар иртибот ба ин қазия гуфтааст: “Мо нигарониҳои худро аз шеваи баргузории интихобот баён кардем, ки фикр мекунем, заминаҳои кофӣ доранд. Ва мо аз ҳаққу ормонҳои мардуми рус ба пешрафт ва бунёди ояндаи беҳтар барои худашон ҳимоят мекунем ва мо умедворем, ки иҷрои онҳоро дар солҳои оянда бубинем.”
Маврид ба тазаккур аст, ки изҳороти Клинтон дар ҳоле садо медиҳад, ки сарвазири Русия, Владимир Путин, ИМА-ро ба ташвиқи эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар Русия айбдор кардааст. Дар нахустин паёмаш роҷеъ ба тазоҳуроти ҳаррӯзаи мухолифон, ки аз тақаллуб дар раъйшуморӣ эътироз мекунанд, Путин гуфт, вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ба фаъолони Русия “сигнал додааст”.