Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон зери “МАЗ” мондаанд (АКС)
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шоҳроҳи Бишкек-Ош зери ядаки боркаш мондаанд.
Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон мегӯяд, ҳодиса дар ноҳияи Жайили вилояти Чуй ба вуқӯъ пайвастааст. Ронандаир боркаши “МАЗ” бо рақамҳои давлатии Русия ва ҳамроҳаш дар километри 37-уми шоҳроҳи Бишкек-Ош вақте хостаанд, ки бори дохили ядакро хабар бигиранд, зери он мондаанд: “Ронанда З.А.С. зарар надида, ёрдамчии ӯ З.А.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, боркаш ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекардааст.
Аксҳо аз торнамои ca-news.org