Шаҳрванди Тоҷикистонро барои “убури ғайриқонунии марз” то 4 соли зиндон таҳдид мекунад
Хадамоти федеролии Русия ё ФСБ аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ӯ дар убури ғайриқонунии марзи давлатии Русия муттаҳам мешавад. Баъди дар пайгарди федеролӣ қарор гирифтан вайро дар минтақаи худмухтори Ханти-Мансий дастгир кардаанд. “9-уми март ӯро ба Омс интиқол дода, алайҳаш бар пояи моддаи “убури ғайриқонунии марзи давлатӣ” парванда боз кардаанд”.
Дар сурати исботи гуноҳ, ӯро то чор соли зиндон таҳдид мекунад.