Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон айни ҳол ба зарари бонкҳои хизматрасони Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.
Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон», Лаълбек Лаълбеков, раиси Ассосиатсияи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи Лаълбеков ҳаққеро, ки айни ҳол бонкҳои Тоҷикистон зимни интиқоли маблағ аз Русия гирифта истодаанд, барои пӯшонидани хароҷоти онҳо кифоя нест. Лаълбеков ҳаҷми ҳаққи бонкҳои Тоҷикистонро 0,5 фойиз дар бархе то 0,7 фойиз аз маблағи ирсолшуда арзёбӣ кард.Гуфта мешавад, ки бонку сохторҳои Русия аз вобастагии Тоҷикистон аз маблағҳои интиқолнамуда сӯйистифода карда, ҳаққи бонкҳои кишварамонро рӯз ба рӯз коҳиш дода истодаанд, зеро медонанд, ки бонкҳои Тоҷикистон маҷбуранд ҳар шарти гузоштаашонро таҳаммул намоянд.
Лаълбеков, ҳаҷми ҳаққи хизматрасониҳои бонкро кори дохилии ҳар бонк номида, афзуд, ки барои ҳалли мушкил зарур аст, то бонкҳои кишвар бо шарикони хориҷиашон, масъулини низомҳои интиқоли пулӣ гуфтушунид намоянд: «Ҳар бонк бо масъулини ҳар низоми интиқоли пули ҳамкорашон созишнома дорад, ки дар он ҳаққи ҳар ду ҷониб муайян мешавад. Аниқ кардан лозим аст, ки шарикони хориҷӣ чи қадар ҳақ мегиранд. Агар ду фойиз бошад, як фойиз аз онҳо ва як фойиз бояд аз бонкҳои мо бошад. Мо дар ин маврид аллакай ба шарикони хориҷӣ муроҷиат кардем».
Айни ҳол дар Тоҷикистон низомҳои интиқоли пули «Мигом», «Юнистрим», «Лидер», «Анелик», «Мони грамм», «Вестерн юнион» ва ғайраҳо фаъолият доранд, ки дар муддати кӯтоҳ ва бо фойизҳои паст хизмат расонда истодаанд.