Латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон латту кӯб шудааст.
Ба иттилои расонаҳо, ин ҳодиса шаби гузашта дар назди бинои №7-и Шоҳроҳи Борисов ба вуқӯъ пайвастааст. Яке аз сокинони ин бино ба пулис хабар дода гуфтааст, марде бо сару рӯи хуншор назди лифт нишастааст. Баъди ба ҷои ҳодиса момадани кормандони пулис ӯ тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхонаи шаҳрии ба номи Семашко интиқол ёфтааст: “Аз рӯи ин далел тафтишот идома дорад”.
Аммо дар бораи сину сол ва ному насаби ҷабрдида маълумоте ироа нашудааст.