баргард чоп кардан

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: «Рӯзҳои наздик аз ин амали Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба додгоҳ шикоят мебарем»

Қабл аз намози ҷумъаи имрӯз- 9-уми декабри соли 2011 як гурӯҳ аз кормандони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар раъси раҳбари ин ниҳод-Сайидмукаррам Абдулқодирзода, масъулини Кумитаи дин, райиси ноҳияи Ваҳдат Анвари Вайсиддин, намояндагони мақомоти амниятии кишвар ба масҷиди «Муҳаммадия»-и шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва собиқ муовини аввали нахуствазири кишвар аснои шарҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, ин дидор дар пайи баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими  азодории “Ошӯро” дар рӯзи 2-юми декабр айбдор шуда буданд.

 

Манбаъ афзуд, аснои қироати матни баёния, намозгузорон норозигии худро изҳор карданд. Оқои Тӯраҷонзода гуфт, дар робита бо ин мавзӯъ бо раиси Шӯрои уламо гуфтӯгӯи рӯбарӯ доштааст: «Мо тасмим гирифтем барои тӯҳмат ва тафриқаандозӣ Шӯрои уламои исломиро ба додгоҳ кашем ва рӯзҳои наздик боа риза ба суд муроҷиат хоҳем кард. Барои ҳамаи мо мусулмонони кишвар оромӣ субот ва амнияти Тоҷикистон аз ҳама чиз болтар аст».

Бино ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, дар ин вохӯрӣ райиси шаҳри Ваҳдат ваъда додааст, ки саъй хоҳад кард, ки президенти кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодоро ба ҳузур бипазирад. Аммо ин дар ҳолест, ки Тӯраҷонзода мегӯяд: «Райисҷумҳур албатта худашон тасмим хоҳанд гирифт, ки киро ва кай ба ҳузур пазирад, аммо райиси шаҳри Ваҳдат ин ваъдаро доданд».

Ёдрас менамоем, 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом   интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда гуфт, ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.