ВКД: Зани 50-сола духтари додарашро куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 50-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иттиҳоми куштор хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда наздикиҳои шоми 16 марти соли равон бо чӯб ба аъзои бадани духтари 20-солаи додараш, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки муваққатан дар манзилаш зиндагӣ мекардааст, задааст: “Дар натиҷа ҷавондухтар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.