баргард чоп кардан

«Муаллими сол-2011»: Омӯзгор аз Душанбе барандаи озмун

Омўзгори фанни забони хориҷии мактаби № 1-и шаҳри Душанбе Вероника Коробкина  ғолиби озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» дар соли 2011 гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии вазорати маориф Сиддиқ Муборак иттилоъ дод, даври ниҳоии озмун рўзҳои 5 – 9 декабр ҷараён гирифта, дар он 5 нафар ғолибони даври вилоятӣ ва шаҳриву минтақавӣ ширкат доштанд: Коробкина Вероника (шаҳри Душанбе), Исмоилова Муяссара (шаҳри Хуҷанд), Зуҳуров Ҳайдар (ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), Сомиддинова Марзия (шаҳри Хоруғ) ва Кабиров Муродалӣ (ноҳияи Файзобод).

Манбаъ афзуд, ҳайати ҳакамон ғолибро баъди натиҷагирии 5 шарти озмун: таҷрибаи корӣ ва пешниҳоди номгўи мақолаву китобҳои чопшуда, дарси намунавӣ, соати тарбиявӣ, ҷавоб ба саволҳои пешниҳодшуда ва кор бо компютер муайян намуданд.

Бино ба қавли Сиддиқ Муборак, барандаи озмун бо шаҳодатномаи ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон», диплом, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 3 ҳазор сомонӣ ва мукофотҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар сарфароз гардонида шуд.Иштирокчиёни дигари озмун низ бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва аз 500 то 2 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.