Раиси “Нақлиёт”: Ронандаи дағалро рондем, назорат пурзӯр мешавад
Бародмат Муродов, раиси ҷамъияти “Нақлиёт”, маъули ҳаракати мусофирбарҳо дар хатсайри 28 гуфт, ронандае, ки аз мусофирон роҳкирои барзиёд гирифта, бар замми ин мусофиронро дағалона дар нимароҳ фуровардааст, аз ҷамъият ронда шуд.
Тибқи посухи расмии ҷамъияти “Нақлиёт”, ки зери имзои Муродов ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, ронандаи мусофирбари рақамаш 4655тт01, ки бо мусофирон дағалӣ кардааст, Мансур Нозимов мебошад: “Рафтори Нозимов дар ҷаласаи ҷамъият муҳокима шуда, қарор қабул гардид, ки шартнома бо ӯ қатъ карда шавад. Рақамҳои қайди давлатии мошинаш ба РБДА супорида шуданд”.
Қаблан мусофирон тариқи сомонаи “Озодагон” изҳор доштанд, ки мусофиркаши 28 (рақами қайди давлатиаш 4655 ТТ 01) онҳоро аз бозори Корвон бо гирифтани 2 сомонӣ (ҳол он ки бояд 1,60 сомонӣ бигирад) савор карда, бидуни огоҳии пешакӣ онҳоро дар гардиши маҳаллаи 101, ҷойе, ки сохтмони эстакадаи 82 оғоз мешавад, фуровардааст (5 мусофирро). Ба гуфтаи мусофирони дар нимароҳ монда, қарор буд, онҳо то маҳаллаи Испечак бираванд.
Дар пайи шикояти мусофирон ба "Озодагон", Муродов посух дод, ки ба ронандаҳои ҷамъияти таҳти назораташ ҳар рӯз таъкид мекунад, ки тибқи дастурамал фаъолият кунанд, муомилаи хуб дошта бошанд ва роҳкироро барзиёд нагиранд. Ӯ афзуда, ки минбаъд назорати фаъолияти ронандаҳо дар хатсайри 28 шадидтар мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мусофирон мусофирбарҳои хатсайри 28 рӯзҳои шанбеву якшанбе, ки ғолибан мизоҷон бисёранд, аз бозори Корвон то нисфи хатсайр низ 2 сомонӣ талаб мекунанд. Аммо расман қиммати роҳкиро то ними хатсайр - назди бинои БДА (ҷумҳурявӣ) 80 дирам ва аз он болотар 1 сомонию 60 дирам мебошад.