Зани 34-соларо шабона кӣ буғӣ кард?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як муттаҳам дар куштори зани 34-сола хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда 31 сол дошта, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст. “Гумонбаршуда 23 марти соли 2017, тахминан соати 23:50, аз сабаби хусумат доштанаш, ба манзили зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст”,-менависад торнамои расмии ВУД.
Аммо манбаъ дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса иттилое надода, танҳо таъкид мекунад, ки дар робита парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.